Научная статья на тему 'МУҲОҶИРАТИ РИМИЁН БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР АҲДИ ҚАДИМ'

МУҲОҶИРАТИ РИМИЁН БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР АҲДИ ҚАДИМ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
47
4
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Калидвожаҳо: муҳоҷират / Рим / Порт / Марғиён / асирони ҳарбӣ / ҷангҳои шаҳрвандӣ / Ключевые слова: миграция / Рим / Порт / Маргиана / военнопленные / гражданские войны

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Аюбов Абдусалом Рауфович

Сухан дар бораи рақобати ду давлати бузурги аҳди қадим – Рим ва Порт меравад, ки ба муҳоҷирати маҷбурии римиён ба Осиёи Марказӣ оварда расондааст. Қайд шудааст, ки аз соли 53 то 35 то милод аз Ғарб ба Осиёи Марказӣ даҳҳо ҳазор мардон кӯчонида шудаанд. Дар навбати аввал онҳо асирони италӣ, келтҳо, аҳолии Сурия, Фаластин ва давлатҳои ба Ҷумҳурии Рим тобеи Осиёи Хурд буданд. Дар натиҷаи ҷангҳо портиҳо асирони ҳарбии римиро бештар ба тарафи сарҳадҳои шарқии давлат мефиристоданд, ки мақсад аз он пешгирии исёни римиёни муҳоҷир дар маркази мамлакат буд. Қисми зиёди муҳоҷиронро дар Марғиён ҷой дода, дар корҳои хоҷагӣ истифода мебурданд. Маскуншавии халқҳо ва ё гурўҳҳои этникии алоҳида вазъият, тавозуни ин гурўҳҳоро дар минтақаҳои дигар тағйир медиҳад. Муҳоҷиршавӣ чун ҳалқаи муҳимми равандҳои этнофарҳангӣ ба тағйир ёфтани сукунат ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф мусоидат кардааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

МИГРАЦИЯ РИМЛЯН В ЦЕНТРАЛЬНУЮ АЗИЮ В ДРЕВНОСТИ

Речь идет о соперничестве двух великих держав древности – Рима и Парфии, которое привело к вынужденной миграции римлян в Центральнюю Азию. Отмечается, что с 53 по 35 год до н.э. с западных территорий в Центральную Азию были перемещены более десяти тысяч мужчин, в первую очередь италийских и кельтских военнопленных, а также жителей Сирии и Палестины и государств, находившихся в подчинении у Римской республики. В результате войн парфяне отправляли римских военнопленных на восточные границы с целью предовращения бунта римских мигрантов. Большую часть мигрантов использовали в хозяйственных работах, разместив их в Маргиане. Миграции как важное звено этнокультурных процессов способствовали изменению среды обитания, взаимодействию различных культур.

Текст научной работы на тему «МУҲОҶИРАТИ РИМИЁН БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР АҲДИ ҚАДИМ»

5.6 (07 00 00) ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ

5.6 ИЛМҲОИ ТАЪРИХ

5.6. HISTORICAL SCIENCES

5.6.1Отечественная история

5.6.1 (07 00 02) Таърихи Ватан

5.6.1 Domestic history

УДК 94(3)

DOI10.24412/2413-2004-2022-3-5-12

Аюбов Абдусалом Рауфович, доктори илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи умумии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (Хуҷанд,

Тоҷикистон)

Аюбов Абдусалом Рауфович, д-р

истор. наук., заведующий кафедрой обшей истории ГОУ “ХГУ имени акад. Б.Гафурова” (Худжанд, Таджикистан)

Ayubov, Abdusalom Raufovich, candidate of historical sciences, chief of the department of universal history under the State Educational Institution (SEI) “Khujand State University named after acad. B. Gafurov (Khujand, Tajikistan), E -MAIL: abdusalom-1@mail.ru

Калидвожаҳо: муҳоҷират, Рим, Порт, Маргиён, асирони ҳарбӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ

Сухан дар бораи рақобати ду давлати бузурги аҳди қадим - Рим ва Порт меравад, ки ба муҳоҷирати маҷбурии римиён ба Осиёи Марказӣ оварда расондааст. Қайд шудааст, ки аз соли 53 то 35 то милод аз Ғарб ба Осиёи Марказӣ даҳҳо ҳазор мардон кӯчонида шудаанд. Дар навбати аввал онҳо асирони италӣ, келтҳо, аҳолии Сурия, Фаластин ва давлатҳои ба Ҷумҳурии Рим тобеи Осиёи Хурд буданд. Дар натиҷаи ҷангҳо портиҳо асирони ҳарбии римиро бештар ба тарафи сарҳадҳои шарқии давлат мефиристоданд, ки мақсад аз он пешгирии исёни римиёни муҳоҷир дар маркази мамлакат буд. Қисми зиёди муҳоҷиронро дар Маргиён ҷой дода, дар корҳои хоҷагӣ истифода мебурданд. Маскуншавии халқҳо ва ё гуруҳҳои этникии алоҳида вазъият, тавозуни ин гуруҳҳоро дар минтақаҳои дигар тагйир медиҳад. Муҳоҷиршавӣ чун ҳалқаи муҳимми равандҳои этнофарҳангӣ ба тагйир ёфтани сукунат ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳои мухталиф мусоидат кардааст.

Ключевые слова: миграция, Рим, Порт, Маргиана, военнопленные, гражданские войны

МУҲОҶИРАТИ РИМИЁН БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР АҲДИ КАДИМ

МИГРАЦИЯ РИМЛЯН В ЦЕНТРАЛЬНУЮ АЗИЮ В ДРЕВНОСТИ

MIGRATION OF ROMAN TO CENTRAL ASIA IN ANTIQUITY

- 5 -

«ВЕСТНИК ТГУПБП»,выпуск 3 (92), 2022

Речь идет о соперничестве двух великих держав древности - Рима и Парфии, которое привело к вынужденной миграции римлян в Центральнюю Азию. Отмечается, что с 53 по 35 год до н.э. с западных территорий в Центральную Азию были перемещены более десяти тысяч мужчин, в первую очередь италийских и кельтских военнопленных, а также жителей Сирии и Палестины и государств, находившихся в подчинении у Римской республики. В результате войн парфяне отправляли римских военнопленных на восточные границы с целью предовращения бунта римских мигрантов. Большую часть мигрантов использовали в хозяйственных работах, разместив их в Маргиане. Миграции как важное звено этнокультурных процессов способствовали изменению среды обитания, взаимодействию различных культур.

Key-words: migration, Rome, Port, Marghiana, war captives, civil wars

The article dwells on the rivalry of two great powers of antiquity, those of Rome and Parthia which entailed forced migration of Romans to Central Asia. It is marked that in the period of 5335 B.Ch. over scores of thousands of men were replaced from Western territories to Central Asia, primarily these ones were Italian and Celtic war captives, there were also the inhabitants of Syria, Palestine and Minor Asia states being in subordination under the Roman republic. The wars caused a forwarding of Roman war captives to the Eastern frontiers of the country by Parthians in order to preclude a rebellion on the part of Roman migrants. The major part of the latters were used for manual jobs: being placed in Marghiana. Migrations served as an important link of ethnocultural processes, it promoted a change of habitation environment, an interaction between various cultures.

Муҳоҷират шакли махсуси раванди кучиши мардум мебошад, ки дар бештари ҳолат ба пешрафти фарҳангу иқтисодиёт мусоидат мекунад. Шарқшинос ва забоншиноси рус ва шуравӣ Н.Я. Марр назарияи муҳоҷирати аҳолиро рад карда буд. Аз назари у танҳо намояндагони табақаҳои болоии ҷамъият ба ҷои дигар ҳиҷрат мекарданд (17, 55). Аммо ин назария мақбул нест, зеро дар муҳоҷират намояндагони тамоми табақаҳо ширкат меварзанд. Махсусан дар замони ҷанг аксарияти муҳоҷиронро асирони ҳарбӣ ташкил медоданд. Ба хотир меорем, муҳоҷирати қавмҳо аз Туркманистони Ҷанубӣ ба Саразм, қабилаҳои андроновӣ ба Осиёи Миёна, ташкили пойгоҳҳои ҳарбии Искандари Мақдунӣ ва амсоли инҳоро дар ҷойҳои нав, ки ба ташаккули фарҳанги нав мусоидат намудаанд. Дар тули таърих муҳоҷирон ҳамеша ба аҳолии таҳҷоӣ таъсир мерасониданд ва инро дар дигар шудани симои антропологӣ, забон, фарҳанг мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин дар маҷмуъ ба пешрафти ҷамъият оварда мерасонад. Имруз дар руи замин халқе нест, ки аз замони қадим то имруз дар симо ва забони худ таъсири берунаро напазируфта бошад.

Ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳамеша ба муҳоҷират оварда мерасонанд. Дар байни муҳоҷирон аз Италия ба Шарқ се гурӯҳро дидан мумкин аст. Дар бораи римиёне ки аз муҳоҷират бознагаштаанд, маълумот зиёд аст.

Аз соли 53 то 35 пеш аз мелод ба Осиёи Марказӣ аз ғарб даҳҳо ҳазор мардон кӯчонида шуданд. Инҳо пеш аз ҳама асирони италиягй, келтҳо, аҳолии Сурия, Фаластин ва давлатҳои ба ҷумҳурии Рим тобеи Осиёи Хурд буданд. Кӯчиш дар се гурӯҳ анҷом ёфт. Гурӯҳи якум баъди торумори артиши Марк Литсиний Красс баҳори соли 53 то мелод, гурӯҳи дуюм баъди торумори қӯшуни Детсидий Сакси аз тарафи яке аз дастаҳои ҳарбии давлати Порт, ки Осиёи Хурдро то худи Иония забт карда буд, муҳоҷир шудаанд. Дар ҳамин давра портиҳо артиши римиро соли 40 то мелод дар Сурия ва Фаластин шикаст

- 6 -

Серия гуманитарных наук

дода буданд. Муҳоҷирати гуруҳи сеюм баъди аз тарафи портҳо торумор карда шудани артиши калони Марк Антоний соли 36 то мелод сурат гирифтааст(10, 8).

Тобистони соли 53 то мелод ҳазорҳо оилаҳои римй бесаробон монданд. Дар натиҷаи фалокати ҳарбй, ки аз замони Ганнибал то ин дам дида нашуда буд, зиёда аз 10 ҳазор мардони римй асири портҳо шуданд. Портҳо онҳоро ба Марғиён фиристоданд (10, 11). Марғиён танҳо барои нигохдорй ва боз ба самти шарқтар равона кардани асирони римй хизмат мекард. Дар марказҳои маъмурй нигоҳ доштани даҳҳо ҳазор асирони ҳарбй номумкин буд.

Ба хизмат гирифтани асирони ҳарбии римй кори муқаррарии портҳо буд. Агар асирони ҳарбиро дар Ғарб гиранд, онҳоро ба ҷанг дар Шарқ истифода мебурданд. Дар баъзе маврид акси ин ҳолат ба назар мерасид. Римиҳо аз ин амал дар канор набуданд. Он асирони ҳарбие, ки барои хизмат розй буданд, дар дастаи Квинт Лабиен аз ҷониби портҳо фаъолият доштанд (7, 154).

Онҳоеро, ки аз хизмат ба портҳо даст мекашиданд, ба Шарқ мефиристоданд. Кори онҳо хизмати дидбонй буд. Моҳияти ин хизмат дар сохтмон, муҳофизат ва мудофиаи дидбонгоҳҳо, лагерҳои ҳарбии римй, роҳҳо буд. Аз сабаби он ки Порт бо қабилаҳои иттифоқчии хонабардуши сакоиҳо ҳамсарҳад буд, хизмат вазнинй надошт.

Аз замони торумори мақдуниҳо ва Юнон, то юриши Красс ҷанг аз тарафи ҳарбиён фаъолияти хатарнок, вале фоидаовар ҳисобида мешуд. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар сари римиҳо он вақт чй фикр буд.

Аз ҳама нақши муҳимро дар маскуншавии муҳоҷирони римй дар Осиёи Марказй қабилаҳои кучманчии сакоии йуҷй бозиданд. Ба ҳомиёни сарҳадҳои шарқии Порт лозим буд, ки доимо бо онҳо забон ёбанд. Йуҷиҳоро ба массагетҳо, сакоиҳо марбут медонистанд (5, 35).

Ҳамсояи хуннҳое, ки дар хоки Муғулистон зиндагй мекарданд, йуҷй ном халқе буд. Аллакай дар нимаи дувуми асри III пеш аз милод йуҷиҳо хеле қувват гирифтанд ва ҳокими хуннҳо маҷбур гардид, ки писари худро ба онҳо гарав диҳад (3, 46-47). Вале баъд авзоъ дигар шуд. Шанюйи хуннҳо Маодун (ё Модэ - А.А.) ҷамъияти хуннҳоро аз ҷиҳати ҳарбию маъмурй ба як тартиби муназзам дароварда, ин мардуми кучманчиро ба қувваи раднопазире табдил дод.

Маодун ду бор ба Хитой ҳамла кард, императорҳои Хан аз номи вай ба ларза меомаданд. Соли 176 пеш аз милод яке аз сарлашкарони хуннҳо йуҷиҳоро шикаст дод (3, 54). Писари Маодун-Шанюй Лаошан соли 174 пеш аз милод йуҷиҳоро торумор кард, ҳокими онҳоро кушта, аз косахонаи сари вай барои худ ҷоми шароб сохт. Йуҷиҳои торуморшуда ба тарафи ғарб ба Туркистони Шарқй ва Осиёи Миёна кучиданд. Йуҷиҳое, ки ба Осиёи Миёна омаданд, да-йуҷй, яъне «йуҷиҳои кабир (калон)» ном доштанд. Йуҷиҳои маскуни Туркистони Шарқиро «йуҷиҳои сағир» мегуфтанд.

На камтар аз 30 соли баъди торумори артиши Марк Красс муаллифони антиқй дар бораи қабилаҳои нав, ки бо йуҷиҳо алоқаи зич доштанд, маълумот додаанд. Ин қабиларо Птолемей тахориҳо номидааст, ки мардуми Бохтар буданд. Як қисми муаррихон пайдоиши тахориёнро ба асри биринҷй мансуб медонанд. Онҳо чунин меҳисобиданд, ки тахориён ба дучархаҳои ҷангии худ аз бешазори Аврупои Шарқй омадаанд.

Ин қабилаҳо дар дараҷаи баланди тараққиёти иҷтимой-иқтисодй буданд ва ин имконият дод, ки онҳо ба Осиёи Марказй аз Шарқи Наздик ворид шаванд. Дар бораи харакати онҳо маводҳои бостоншиносй маълумоти муфассали илмй медиханд.

Ҷустуҷуи ватани асосии тахориён дар ватани тавлиди забонҳои ҳиндуаврупой шубҳанок аст, махсусан дар шароите ки дар махалхои сукунати ояндаи тахориён даххо хазор асирони

- 7 -

«ВЕСТНИК ТГУПБП»,выпуск 3 (92), 2022

римй пайдо шуданд. Вазъи асирони римй баъди ба сари ҳокимияти Порт омадани Фраати IV, ки шоҳ Ородро кушта буд, дигар мешавад. Шоҳ Ород чанде пеш дар ҷанги зидди римиҳо вориси худ Пакорро аз даст дода буд. Фраат ҳуҷуми Марк Антонийро бомуваффақият зада гардонд, аммо дар тахт ноустувор буд. Помпей Трог чунин навиштааст: «Фраат аз ин ғалаба бар Антоний боз мағруртар шуд, дар корҳои идоракунй золимтар гардид. Бинобар ин мардум уро ронд. Муддати тулонй Фраат дар давлатҳои ҳамсоя бо илтимосу таваллои кумакрасонй мегашт. Бо ёрии қушуни калони скифҳо вай ҳуқуқи худро ба шоҳй худро барқарор кард. Дар вақти набудани Фраат портҳо Тиридатро шоҳ таъин карданд. Вай аз омадани скифҳо бохабар шуда, бо дастаи калони дустон ба Испания фирор кард. Аз он ҷо ба сифати гаравгон писари хурдии Фраатро овард» (12, 157).

Тиридати II ба сари ҳокимият соли 31 то мелод омад. Вай эҳтимол намояндаи ашрофи Порт, ки бо вилоятҳои ғарбй алоқа доштанд, ба ҳисоб мерафт. Фраат бошад дар вилоятҳои шарқй ва шимолу шарқии мамлакат, ки дар наздикии он ҷойҳо асирони римй ҷойгир карда шуда буданд, дастгирй мекарданд. Дар Порт панҷ сол ҷанги шаҳрвандй давом кард.

Фраат маҳз ба воситаи сакоиҳо Тиридатро маҷбур кард, ки ба Рим гурезад. Соли 26 то мелод сакоиҳо - йуҷиҳо, тахориён ба Фраатро кумак карданд, ки ҳокимиятро аз нав ба даст дарорад. Ба наҷотдиҳандагони худ миннадорй баён накарда наметавонист. Солҳои 31-30 то мелод ба Ҳиндустони Ғарбй аз Искандария гуруҳи калони гурезагон -муҳоҷирони римй, ки дар даст боигариҳои зиёд доштанд, омаданд. Ин боигарй бунёди давлати Кушониёнро аз тарафи муҳоҷирони бебозгашти римй замина гузошт.

Дар таърихнигорй ақидае ҳаст, ки юриши Марк Литсиний Красс ба муқобили портҳо дар заминҳои имрузаи Ироқу Эрон дар соли 53 то мелод таҷовузи маҳз буд (1, 35). Аз номи Рим Красс ба душмани ношинос ҷанг эълон кард. Бо ваъдаҳои ба даст овардани сарвати беандоза ва ғуломони бисёр собиқадорони ҷанг ва ҷавонони деҳотро ба тарафи худ ҷалб кард. Шаҳриён ва ҷавонони соҳибмаълумотро ҷасорати римиёни Мақдунияро мағлубкарда ба суи худ кашида буд.

Юриши зидди портҳоро ҳануз ду сол пеш аз Красс қоимақоми Сурия Авл Габиний тайёр карда буд. Сенат ба Габиний юришро манъ кард. Аппиан ва Дион Кассий навиштаанд, ки вай ҷангро дар зери таъсири мактуби Помпей ё ришваи калон аз шоҳи Миср Птолемей Авлет рад карда буд. Помпей муқобили ҷанг бо Порт буд.

Аз қушунҳое ки Габиний тайёр карда буд, ҳамчунин Красс истифода бурд. Вай 7 легион (36000 аскар)-ро бо 4000 савора ва 4000 пиёдагарди сабукяроқ ба кор бурд. Шумораи умумии қушун 50000-100000 нафарро ташкил кард. (15, 141).

Соли 53 то мелод барои ҷумҳурии Рим аз аввал соли бобарор набуд. Зимистон дар вилояти эбуронҳо 1,5 легиони Юлий Сезар шикаст дода шуд. Ягон кас асир наафтод. Дар вазъияти ноилоҷй ҳама худкушй карданд.

Баҳори ҳамон сол Марк Литсиний Красс номи худро бо мағлубияти калони мислаш аз замони Ганнибал диданашуда машҳур кард (16, 198). Портҳо аз эҳтимоли ҳуҷуми ҷавобии римиён огаҳй доштанд. Онҳо лашкаркаши Рим Крассро бо қушунаш ба дохили мамлакат роҳ дода, торумор карданд.

Плутарх дар бораи ин муҳориба навишта буд: «Ҳангоме ки Красс қушуни худро дар назди Зевгма аз дарё мегузаронд, чанд маротиба раъду барқ ба амал омада, барқ пеши роҳи аскаронро равшанй андохт; шамоле ки абру барқро меовард, қисми калони купрукро вайрон кард. Ҷое, ки Красс мехост, лагери худро барпо кунад, ду маротиба дучори барқ шуд. Яке аз аспони лашкаркаш бо таъсири шамоли сахт ба дарё наздик омада, зери об ғарқ шуд. Ҳамчунин мегуянд, уқобе, ки ба ҳаво баромад, худ ба худ ақиб гашт. Вақте ки баъди

- 8 -

Серия гуманитарных наук

гузаштан ба аскарон хурок тақсим карданд, дар навбати аввал наск ва намак дода шуд, ки ин нишони мотам буд ва дар назди фавтидагон мегузоштанд.

Баъд вақте ки худи Красс ба сухан даромад, калимаҳои вай берабт буданд ва ин қаҳри аскаронро овард. Вай гуфт, ки купрук вайрон карда шавад, то ягон аскар ақиб нагардад. Вай мебоист нодурустии суханони худро бозпас мегирифт ва ё моҳияти онро хуб мефаҳмонд. Аммо Красси худдонам ин корро накард. Ниҳоят, ҳангоме ки вай қурбониро овард ва руҳонй ба вай узвҳои дохилии ҳайвонро дод, вай онҳоро ба замин афтонд. Чеҳраҳои ғамгиншударо дида Красс гуфт: «Пирй ҳамин аст! Аммо силоҳ аз дасти ман намеафтад» (11, 1559).

Веллей Патеркул ҳам дар бораи Красс навиштааст: «Ин шахс маишатпараст аст, дар ҳавас ба шуҳрат ва сарват сарҳад надорад. Вақте у ба Сурия рафт, трибунҳои халқӣ бо ҳар роҳ хостанд уро пас гардонанд. Аз даст додани лашкаркаш талафоти калон барои ҷумҳурй буд. Вақте ки Красс аз дарёи Фурот гузашт ва ба Селевкия равон шуд, Ород уро аз ҳама тараф бо дастаҳои бешумори савора иҳота кард ва бо қисми зиёди артиши римй торумор намуд» (2, 51).

Маълум аст, ки тахдиди калон барои Рим дар шарқ давлати Порт буд. Портҳо анъанаҳои қадимаи форсҳоро барқарор карда, дар Ироқ, Сурия ва Фаластин ҳокимияти худро ҷорй намуданд. Соли 54 то мелод Красс бо мақсади торумори портҳо дар Шарқи Наздик раҳсипор шуд. Дар аввал кори ӯ барор гирифт. Артиши вай — ҳафт легиони римй, 4000 савора ва қариб ҳамин қадар аскарони пиёдагарди сабукяроқ (дар маҷмуъ 42000 нафар) ба Ироқи Шимолй ҳаракат намуд. Баъд моҳи маи соли 53 то мелод вай бо душман дар назди Каррах (Харран) ру ба ру омад (16, 210).

Иттифоқчиёни Красс ҳануз то оғози муҳориба қисми зиёди кавалерияро гирифта, фирор карданд. Қувваи вай ҳарчанд аз душман сершумор буд, аз аскарони пиёдагард иборат буд у бо артиши савораи бо 9000 камонбадасти ботаҷриба дучор омад. Артиши савораи вазнин яроқи Порт бо тезй дастаҳои ёрирасони Крассро шикаст дод.

Бист ҳазор римиён дар ҷояшон кушта шуданд, даҳ ҳазор асир афтоданд. Рим дар бораи шармандагии Каррах фаромуш накарда буд. Император Марк Антоний ба Порт бозгашт, ки қасоси Крассро гирад. Ин навбат римиён тавонистанд, ки аз ҳуҷуми тирборони портҳо худро муҳофизат кунанд (8, 111).

Антоний муваффақияти калон ба даст наовард, аммо бар хилофи Красс талафоти калон надод. Такдири даҳҳо ҳазор лигионерҳои асирафтодаи муҳорибаи назди Каррах чй шуд? Дар хроникаҳои римй гуфта мешавад, ки бо фармони шоҳи Порт асиронро ба масофаи ду ҳазор километр ба самти акс интиқол доданд. Қисми зиёди онҳо ҳангоми ҳаракат вафот карданд, дигаронро дар Марғиён ҷой доданд, ки сарҳади шарқии давлати Порт буд. Шоири римй Горатсий маълумот додааст, ки ҷанговарони римй имконияти ба ватан баргаштанро наёфта, ба занҳои маҳаллй оиладор мешуданд ва ҳаёти худро ба роҳ мемонданд (10, 12). Ин сюжет саргузашти ҷанговарони Искандари Макдуниро ба хотир меорад, ки онҳоро дар сарҳадҳои империя нигоҳ дошта буданд.

Ҳамин тавр мо медонем, ки тақрибан соли 50 то мелод якчанд ҳазор легионерҳои римй дар Осиёи Марказй қарор доштанд. Эҳтимол шоҳи Порт баъзе аз легионерони худро ба ҳокими Суғд фурухта бошад ё худ аскарони римй тавонистанд, ки ба тарафи шарк фирор кунанд (9, 48).

Маълумоти дигар гувоҳй медиҳанд, ки легионерҳои римй то Хитой рафтаанд. Дар баруйхатгирии аҳолии Хитой тақрибан соли 5 мелодй дар байни шаҳрҳои музофоти Гансу дар қисми шимолу ғарбии Хитой номи Ли Чан ёдрас шудааст. Ин ном бо номи ҷаҳони юнону римй мутобиқ аст. Барои чй шаҳри хитой чунин номи ғайриодиро гирифтааст. Гап

- 9 -

«ВЕСТНИК ТГУПБП»,выпуск 3 (92), 2022

дар сари он аст, ки соли 9 мелодй император Вэн Ман фармон баровард, ки бояд ҳамаи шаҳрҳо номи ба ҳақиқат мутобиқро гиранд. Ли Чан ба Чэн Лю гардонда шуд, ки маънои он «насли асирон» ё «асирони дар вақти ҳуҷум гирифташуда» мебошад. Пас маълум мешавад, ки сокинони шаҳр римиён будаанд. Соли 166 дар солномаҳои хитой қайди ҳайратовар пайдо шудааст. Дар он оид ба сафорати шоҳ Ан Тун аз Датсин гуфта мешавад. Ан Тун эҳтимол император Марк Аврелий Антоний (солҳои 161-180) буд (4, 48).

Манбаъҳои таърихй ҷои маскуншавии асиронро Марғиён муайян кардаанд. Аммо ин ҷо танҳо маркази ҷамъоварии асирон ва минбаъд ба тарафи Шарқ фиристодани онҳо буд. Нигоҳ доштани даҳҳо ҳазор асирон дар наздикии марказҳои маъмурй кори осон набуд. Ба ҳайати артиши худ ворид кардани асирон амали маъмулии портҳо ба ҳисоб мерафт. Агар асирон дар Ғарб ба даст фаромада бошанд, онҳоро дар Шарқ барои ҷанг истифода мебурданд. Як гуруҳ римиҳо бо сардории Квинт Лабиен аз ҷониби портҳо ба ҷанг медаромаданд (10, 8). Онҳоеро ки ба портҳо боварй надоштанд ва ба онҳо хизмат кардан намехостанд, барои бунёд ва мудофиаи пойгоҳҳои сарҳадй ба Шарқ мефиристоданд.

Таҳқиқи масъалаҳои муҳоҷирати римиён дар солҳои ҷанги шаҳрвандй бо чандин масъалаҳои дигар аз қабили тахориён, кушониён ва шоҳигии Кушониён, ба вуҷуд омадани эпос оид ба Гэсэрхон, дини буддоия дар Осиёи Марказй равшанй андохта меандозад. (13, 328).

Ҳиссиёти римиёнро дар ҷои бегона Овидий тасвир кардааст. Шикоят аз нарасидани шароб ва шахсони бо забони лотинй ҳарфзананда буд. Ҳазорҳо римиёни ба Осиёи Марказй омада, имкон доштанд, ки бо забони модарй гуфтугу кунанд. Аз давраи овардани гуруҳи аввали асирон аз артиши Красс шумораи донандагони забони лотинй дар Марғиён зиёд шуд. Вобаста ба масъалаи нарасидани шароб қайд кардан лозим аст, ки бо омадани римиҳо шумораи истеъмолкунандагони ин намуди нушокй ва микдори истеҳсоли он дар Марғиён зиёд шуд. Барои нигоҳ доштани шароб дар замин хумҳои калонро ҷой медоданд (6, 147).

Ҳуҷҷатҳои хоҷагидорй доир ба муҳиммияти ҳисобу китоби истеҳсол ва фуруши шароб дар Марғиён бо забони оромй ва истифодаи лексикаи забони портй навишта шудаанд. Аз ин маълум мегардад, ки мардони дар Фаластин асиршударо бештар ба корҳои хоҷагй ҷалб мекарданд.

Омузиши нақши муҳоҷирати римиён дар таърихи Осиёи Марказй аҳаммияти муҳим дорад. Вай имкон медиҳад, ки саҳифаҳои нав кушода шуда, маълумоти тоза ба даст оянд. Аз ҷумла, баромади эпос дар бораи Гэсэрхон, ки ба қавмҳои турку тибетию муғулу хитой мансуб аст, маълум нест. Дар китоби худ Ю.Н. Рерих чунин хулосабардорй кардааст: Кэсар (Гэсэр)-и тибетй аз унвони римии «сезар» бармеояд, ки шоҳони кушонй қабул карда буданд. Минбаъд онро хонҳои туркзабони Осиёи Марказй, сардорони қабилаҳои тибетҳо ва тангутҳо ба худ гирифтанд (14, 72).

Анъанаҳои қадим ва доимй мавҷуд аст, ки номи шоҳ Кэсарро бо мардуми Drngu (Grugu) ё туркҳои Осиёи Марказй ва мамлакати Пхр пайваст мекунанд. Дар харитае ки баъди чопи китоби Ю.Н. Рерих тартиб дода шуд ва дар он мамлакате бо номи «Шоҳ Рим» қайд гардидааст, дар бораи воридшавии римиён ба Осиёи Марказй маълумотро тасдиқ менамояд. Ин Сезари афсонавй ҳамон Юлий Сезар буд, ки муҳоҷирони римй бо номи вай ватани нави худро бунёд мекарданд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи муҳорибаҳои байни давлатҳои Рим ва Порт дар ахди қадим ҳазорҳо аскарони римй дур аз ватан монда, дар марзи давлатҳои Осиёи Марказй, аз ҷумла дар вилояти Марғиён маскун шуданд. Ҳаёти онҳо дар асарҳои муаллифон аз ахди қадим то муаррихони замони муосир тасвир карда шудаанд.

- 10 -

Серия гуманитарных наук

ПАЙНАВИШТ:

1. Беликов А. П. Парфянский поход Красса: военно-технический аспект /Беликов А. П. // Para bellum. 2001. - №12. - С. 35-48.

2. Беликов А. П. Рим и Парфия: истоки взаимного неприятия / Беликов А. П. // Античный мир и археология. Вып. 11. - Саратов, 2002. - С. 51-52.

3. Бичурин Н.Я. Собрание сочинений о народах, обитавших в Средней Азии в древние времена. T.II. /Бичурин Н.Я. - Москва-Ленинград: Изд-во АН СССР, 1950. - 334 с.

4. Дебс Г.Г. Военное соприкосновение между римлянами и китайцами в античное время / Дебс Г.Г. //Вестник древней истории. - 1946. - №2. - С.45-50.

5. Кадырбаев А. Ш. Великие переселения народов с востока в центр Азии: юэчжи, сюнну, канцзюи, усуни и их государства. III век до н. э. — V век н. э. (по материалам истории китайских династий) / Кадырбаев А. Ш. // Иран-наме. Научный востоковедческий журнал. - 2009. - №1(9). - С. 35-56

6. Мандельштам АМ. Памятники кочевников Кушанского времени в Северной Бактрии/ Мандельштам АМ // Труды Таджикской археологической экспедиции Института археологии АН СССР и Института истории им. А. Дониша АН Таджикской ССР. Том VII. -Ленинград, 1975. -228 с.

7. Махлаюк А.В. Солдаты Римской империи. Традиции военной службы и воинская ментальность / Махлаюк А.В. - Санкт-Петербург: Филологический факультет СПбГУ, 2006. - 440 с.

8. Моммзен Т. История Рима / Пер. под ред. С. И. Ковалева и Н. А. Машкина/ Моммзен Т. - Санкт-Петербург: Наука, 1997. - 638 с.

9. Новокшонов Д. Е. Война и язык: margo, маргарита и узбеки / Новокшонов Д. Е. // Клио. Журнал для ученых. - 2012. - №10 (70). - С.46-50.

10. Новокшонов Д.Е. Гораций о римских пленных / Новокшонов Д.Е. // Классическая филология. Материалы секции XL Междунар. филол. конф. 14-19 марта 2011 г. -Санкт-Петербург, 2011. - С.8-14.

11. Плутарх. Сравнительные жизнеописания в двух томах. Т.1. / Плутарх. - Москва: Наука, 1994. - 702 с.

12. Помпей Трог. Юстин, Марк Юниан. Эпитома сочинения Помпея Трога Historiae Philippicae / Пер. А. А. Деконского, М. И. Рижского; Под ред. М. Е. Грабарь-Пассек; Комм. К. В. Вержбицкого, М. М. Холода / Помпей Трог. Юстин, Марк Юниан. -Санкт-Петербург, 2005. - 490 с.

13. Пьянков И.В. Средняя Азия в античной географической традиции / Пьянков И.В. -Москва: Восточная литература, 1997. - 343 с.

14. Рерих Ю.Н. Тибет и Центральная Азия. Статьи, лекции, переводы / Рерих Ю.Н. -Самара: Издательский дом «Агни», 1999. - 368 с.

15. Смыков Е.В. Парфия и Рим в 44-40 гг. до н. э. : от ограниченного вмешательства к массированному вторжению / Смыков Е.В. // Античный мир и археология. - 2010. -Вып. 14. - С.138-151.

16. Смыков Е.В. Сирийское наместничество Авла Габиния / Смыков Е.В. //Античный мир и археология. - 2006. - Вып. 12. - С.198-213.

17. Тихомиров А. Миграции народов. Бытие как исторический источник / Тихомиров А. - Москва: Литагент Ридеро, 2017. - 246 с.

Reference Literature:

- 11 -

«ВЕСТНИК ТГУПБП»,выпуск 3 (92), 2022

1. Belikov A.P. Parthian campaign of Crassus: military-technical aspect // Para bellum. 2001,

- No. 12. - pp.35-48.

2. Belikov A.P. Rome and Parthia: the origins of mutual rejection // Ancient World and Archeology. Issue. 11. - Saratov, 2002. - pp.51-52

3. Bichurin N.Ya. Collected works about the peoples who lived in Central Asia in ancient times. V-.II. - M.-L.: Publishing House of the Academy of Sciences of the USSR, 1950. - 334

pp.

4. Debs G.G. Military contact between Romans and Chineses in ancient times // Bulletin of Ancient History. - 1946, No. 2. - pp. 45-50

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

5. Kadyrbaev A. Sh. Great migrations ofpeoples from the East to the center of Asia: yuezhis, xiongnus, kanjuis, usuns and their states. 3rd century BC. - 5th century AD. (based on the history of Chinese dynasties) // Iran-Name. Scientific Oriental Journal. - 2009, No. 1 (9). -pp.35-56

6. Mandelstam A.M. Monuments of nomads of the Kushan time in Northern Bactria // Proceedings of the Tajik archaeological expedition of the Institute of Archeology under the USSR Academy of Sciences and the Institute of History named after A. Donish under the Academy of Sciences of the Tajik SSR. Volume VII. - L., 1975. -228 pp.

7. Makhlayuk A.V. Soldiers of the Roman Empire. Traditions of military service and military mentality. Faculty of Philology under St. Petersburg State University, 2006. - 440pp.

8. Mommsen T. The History of Rome / Under the editorship of S.I. Kovalev and N.A. Mashkin.

- St. Petersburg: Science, 1997. - 638pp.

9. Novokshonov D.E. War and language: margo, margarita and Uzbeks // Clio. Journal for scientists. - 2012, No. 10 (70). - pp.46-50.

10. Novokshonov D.E. Horace on Roman Captives // Classical Philology. Materials of section XL International philological conference March 14-19, 2011 - St. Petersburg, 2011. - pp.8-

14.

11. Plutarch. Comparative life description in two volumes. V.1. - M.: Science, 1994. - 702p.

12. Pompeus Trogus. Justin, Mark Yunian. Epitome of Pompeyus Trogus Historiae Philippicae / Translation by A. A. Dekonsky, M. I. Rigzhsky; under the editorship of M. Ye. Grabar-Passek; Commentaries by K. V. Verzhbitsky, M. M. Holod. - St. Petersburg, 2005. - 490pp.

13. Pyankov I.V. Central Asia in the ancient geographical tradition. - M.: Publishing company "Eastern Literature”, 1997. - 343pp.

14. Roerich Yu.N. Tibet and Central Asia. Articles, lectures, translations. - Samara: “Agni” Publishing House, 1999. - 368 pp.

15. Smykov E.V. Parthia and Rome in 44-40 BC: from limited intervention to massive invasion // Ancient World and Archeology. 2010. - Issue. 14. - pp.138-151.

16. Smykov E.V. Syrian governorship of Aulus Gabinius // Ancient World and Archeology. 2006. - Issue. 12. - pp.198-213.

17. Tikhomirov A. Migration of peoples. “Genesis” as a historical source. - M.: Litagent Ridero, 2017. - 246 pp.

- 12 -

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.